Душанбе, 15 сентябр
Эй бародарон, аз пайғамбароне, ки аз номи Яҳува гап мезаданд, ибрат гиред. Онҳо сабру тоқат мекарданд ва дар озмоишҳо истодагарӣ менамуданд (Яъқ. 5:10).
Китоби Муқаддас пур аз намунаҳои хизматгорони пурсабри Яҳува аст. Оё метавонед дар омӯзиши шахсиятон баъзеи онҳоро дида бароед? Масалан, Довуд аз синни кӯдакӣ барои подшоҳӣ тадҳин шуд, вале танҳо пас аз солҳои зиёд ба тахт нишаст. Шимъӯну Ҳано Масеҳи ваъдашудаи Худоро интизор шуда, ба Яҳува содиқона хизмат мекарданд (Луқ. 2:25, 36–38). Намунаи чунин хизматгорони содиқро омӯхта, ба саволҳои зерин ҷавоб кобед: «Чӣ ба вай ёрдам кард, ки тоқат кунад? Аз сабру тоқаташ ӯ чӣ фоида гирифт? Ман аз ӯ чӣ ибрат мегирам?» Дида баромадани саргузашти одамони бесабр низ фоиданок аст (1 Подш. 13:8–14). Ҳангоми омӯзиши зиндагияшон ба чунин саволҳо ҷавоб кофта метавонед: «Эҳтимол, сабаби бесабрияшон чӣ буд? Оқибати ин корашон чӣ шуд?» w23.08 саҳ. 25, сарх. 15
Сешанбе, 16 сентябр
Мо имон овардем ва медонем, ки ту Фиристодаи поки Худо ҳастӣ (Юҳ. 6:69).
Петрус марди вафодор буд, ӯ намегузошт, ки чизе ба таври доимӣ азми ӯро суст кунад. Боре Исо сухане гуфт, ки шогирдонаш ба маънои он сарфаҳм нарафтанд (Юҳ. 6:68). Бисёриҳо ба ҷойи интизор шудани маънидоди ин суханон Исоро тарк карданд. Вале Петрус бо устодаш монд. Ӯ дарк мекард, ки танҳо Исо «суханони ҳаёти ҷовидонӣ» дорад. Исо медонист, ки Петрус ва дигар расулон ӯро партофта мегурезанд. Вале Исо гуфт, ки Петрус ба по мехезаду ба ӯ вафодор мемонад (Луқ. 22:31, 32). Исо дарк мекард, ки «рӯҳ бардам аст, вале ҷисм нотавон» (Марқ. 14:38). Аз ин рӯ ҳатто баъд аз он ки Петрус ӯро инкор кард, Исо аз расулаш умед наканд. Баъд аз зиндашавияш Исо бо Петрус, эҳтимол, дар танҳоӣ вохӯрду ба расули дилафсурдааш қуввати тоза бахшид (Марқ. 16:7; Луқ. 24:34; 1 Қӯр. 15:5). w23.09 саҳ. 22, сарх. 9, 10
Чоршанбе, 17 сентябр
Хушбахтанд касоне, ки ҷиноятҳояшон бахшида ва гуноҳҳояшон рӯпӯш шудаанд (Рум. 4:7).
Худо аз гуноҳҳои касоне, ки ба ӯ имон меоваранд, мегузарад ва онҳоро рӯпӯш мекунад. Ӯ гуноҳҳои чунин касонро пурра мебахшаду дигар онҳоро ба ҳисоб намегирад (Заб. 32:1, 2). Дар назари Худо чунин касон дар асоси имонашон беайб ва росткоранд. Ҳарчанд Иброҳим, Довуд ва дигар хизматгорони содиқи Яҳува росткор эълон гардида буданд, онҳо ба ҳар ҳол нокомилу гунаҳкор буданд. Вале ба сабаби имонашон Худо онҳоро беайб меҳисобид, баръакси одамоне, ки ба ӯ наздик набуданд (Эфс. 2:12). Павлуси расул дар номааш таъкид мекунад, ки барои ба Худо наздик шудан имон доштан ҳатмист. Имон ҳам барои Иброҳиму Довуд зарур буду ҳам барои мо имрӯз. w23.12 саҳ. 3, сарх. 6, 7